Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳагел давлати Мисрро ба ислоҳот даъват кард


Мулоқоти Ҳагел бо Сисӣ

Мулоқоти Ҳагел бо Сисӣ

Вазири дифоъи Амрико Чак Ҳагел давлати таҳти раҳбарии исломиҳои Мисрро ба ислоҳот даъват кард. Ҳагел, ки ба дунболи боздид аз Исроилу Саудия ва Урдун вориди Қоҳира шуд, дирӯз бо ҳамтои мисриаш генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ ва раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ мулоқот кард. Миср хеле боз ёри калидии Амрико дар Ховари Миёна шумурда мешавад ва Вошингтон ҳарсол ба Қоҳира беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои низомӣ мерасонад. Вале мақомоти Амрико аз идомаи бесуботие, ки Мисрро дар пайи суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 фаро гирифта ва метавонад барои минтақаи алакай ошӯбзада паёмадҳое ба бор биорад, изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ҳагел аз Қоҳира ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад.
XS
SM
MD
LG