Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

469 қурбонии қочоқи инсон дар 6 соли охир


Ба ҳисоби намояндагии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон, аз соли 2006 ба ин сӯ дар ин кишвар 469 нафар, аз ҷумла 258 зан, қурбони қочоқи инсон шудаанд. Мушовири ин созмон Гулчеҳра Иброҳимова ба “Азия Плюс” гуфт, аз ин шумор 90 танаш ноболиғанд.
Бино ба маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар семоҳаи аввал дар кишвар 354 ҷинояти марбут ба қочоқи инсон сабт шуда, ин рақам соли гузашта 533 маврид будааст. 40 фоизи мавориди қочоқи инсон дар Тоҷикистон марбут ба истисмори нирӯи корӣ ва 35 дарсадаш марбут ба иҷбор ба танфурӯшист.
XS
SM
MD
LG