Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди Душанбе аз матбуоти давлатии Русия


Матбуоти Русия алайҳи Тоҷикистон як маъракаи ҳадафмандонаи иттилоотиро ба роҳ андохтааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абдулфайз Атоев дар як брифинг бо чунин изҳорот аз ҷумла аз барномаҳои “Поединок” ва “Спетсиалний корреспондент”-и шабакаи телевизионии РТР интиқод кард ва гуфт, ин маърака зоҳиран ҳадафҳои сиёсии дигар дорад.Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 23 апрел сафири Русия Юрий Поповро даъват карда, дар робита ба изҳороти ахири вакили Думаи давлатии Русия Владимир Жириновский, ки гуфт, толибҳо кадом рӯз Тоҷикистонро зери по карда, Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Душанбе ба дор хоҳанд овехт, ёддошт супурд. Дирӯз парлумони Тоҷикистон низ сӯҳбатҳои ахири Жириновскийро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG