Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бозори марказии Қӯрғонтеппа


Шоми чоршанбе бозори “Фаровон” дар маркази Қӯрғонтеппа дучори сӯхтор шуд. Иллати сӯхтор ва ҳаҷми хисороти расида ба тоҷирони бозор ҳанӯз рӯшан нест. Ин бозор моҳи марти соли гузашта низ дучори сӯхтор шуда буд, ки бар асари он беш аз 80 дӯконаш ба коми оташ рафт. Аммо бузургтарин сӯхтор дар бозорҳои Тоҷикистон сӯхтори моҳи сентябр дар қисмати умдафурӯшии бозори “Корвон” буд, ки раҳпаймоии эътирозии тоҷиронашро низ дар пай дошт.
XS
SM
MD
LG