Пайвандҳои дастрасӣ

Муфаттишони амрикоӣ Зубайдат Сарнаева, модари бародарон Сарнаевҳо, гумонбарони ташкили бомбгузорӣ дар марафони Бостонро, ду маротиба бозпурсӣ карданд. Ҳомии ҳуқуқи башар Ҳода Саратова хабар дод, ки бозпурсӣ дар дафтари Идораи минтақаии Хадамоти федеролии амнияти Русия дар шаҳри Махалқалъа сурат гирифт. Рӯзи сешанбе бародари Сарнаевҳо Анзор ҳам аз сӯи амрикоиҳо пурсуҷӯ шуда буд.

15 апрел дар наздикии хатти ниҳоии марафони Бостон ду таркиш рӯй дод, ки бар асари онҳо се кас кушта ва тақрибан 260 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бародари калонӣ – Темирлан Сарнаев рӯзи 19 апрел дар тирандозӣ бо полис ба ҳалокат расид. Бародари ӯ Ҷоҳар дар як амалиёти полис ҷароҳат бардошт ва боздошт шуд. Ҷоҳар дар ташкили бомбгузорӣ бародарашро айбдор хондааст. Сарнаевҳо чеченанд ва солҳои ахир дар Амрико ба сар мебурданд. Волидайни онҳо муқими ҷумҳурии Доғистони Русияанд.
XS
SM
MD
LG