Пайвандҳои дастрасӣ

Қарордоди тир накушодан ба афроди мулкӣ дар марз бо Бодканд


Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди истифода набурдани силоҳ алайҳи афроди мулкӣ, қарордод ба имзо расониданд.

Дафтари матбуотии Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 24-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки ҳафтаи гузашта як ҳайати неруҳои марзбонӣ ба Бишкек сафар карда буд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни мулоқоти ҳайатҳои марзбонии ду кишвар, бештар масъалаи минтақаҳои баҳсбарангез бо вилояти Боткенти Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зеро дар бисёр ҳолатҳо бинобар мушаххас набудани хатти марз, шаҳрванди як кишвар ба сарҳади дигар кишвар ноогоҳона ворид мешавад ва марзбонон маҷбур мешаванд аксуламал нишон диҳанд, ки мунҷар ба сар задани ҳодисаҳои нохуш мешавад.

Қарордоде, ки ба имзо расид марзбонони ҳарду кишварро водор мекунад, ки дар сурати вайрон шудани хатти марз аз тарафи сокинони ин манотиқ ва ба сурати умум аз сӯи афроди мулкӣ, аз силоҳ истифода накунанд ва оташ накушоянд.

Зимнан, раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон Токон Мамитов рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти матбуотӣ аз ҳодисаи тиркушоӣ алайҳи афроди мулкӣ дар марзи байни ду кишвар ёдовар шуда зикр кардааст, ки пас аз ин ҳодиса, мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон қарордод дар хусуси истифода набурдани силоҳ ҳангоми вайрон кардани марз ҳангоми рӯз ба имзо расониданд.

Ба қавли мақомдори қирғиз, вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Исфара бо Ботканд содда нест ва дар онҷо печидагиҳои зиёд ҷой дорад. Қарордоди мазкур ба хотири ҷилавгирӣ аз сар задани эҳтимоли иғво ва ё нооромӣ дар марз гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG