Пайвандҳои дастрасӣ

HRW ва Афви Байнулмилал: Путин озодиҳоро маҳдуд кардааст


Ду созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз афзоиши фишор болои ҷомеъаи шаҳрванди Русия баъд аз бозгашти Путин ба садри ин кишвар дар як соли пеш интиқод карданд.

Amnesty International ё Афви Байнулмилал ва Human Rights Watch рӯзи чаҳоршанбе гузориши нави худро ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ба мавзӯъи масдудсозии озодиҳои шаҳрвандӣ дар Русия нашр карданд. Ҷон Далҳуисен, раиси барномаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Amnesty International, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди дубора сари қудрат баргаштани Владимир Путин маҳдудиятҳо дар озодии баён бештар ва муҷозот барои ширкат дар намоишу гирдиҳамоиҳо дар Русия шадидтар гардид.

Афви Байнулмилал бештар рӯи маҳдудсозии ширкат дар гирдиҳамоиҳо, ки моҳи июни соли 2012 ҷорӣ шуд, тамаркӯз кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар саркӯбсозии бераҳмонаи намоишҳои эътирозӣ ва хушунат алайҳи эътирозгарон аз сӯи кормандони полисро ҳам танқид кардаанд. Қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо тақрибан як сол пеш ислоҳ ва дар он дарёфти иҷоза барои баргузории намоишу раҳпаймоиҳо мушкилтар шуд. Мақомоти Русия ҷарима барои ташкили гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ва ширкат дар онҳоро ба карат боло бурданд.

Human Rights Watch аз қонунҳое, ки ба ҷомеъаи шаҳрвандии Русия таҳдид мекунанд, аз ҷумла, аз қонун дар бораи чун “гумоштаи хориҷӣ” сабти ном шудани созмонҳои ғайриҳукуматӣ, интиқод кардааст. Татяна Локшина, ноиби раиси дафтари Human Rights Watch дар Маскав мегӯяд, ки "вожаи “гумоштаи хориҷӣ” дар Русия бештар ба маънои ҷосуси кишвари бегона арзёбӣ мешавад ва қонун шояд ба он хотир таҳия шудааст, ки созмонҳои ғайриҳукуматиро дар чашми ҷомеъа чун душмани Русия ҷилва диҳад".

Аз ибтидои соли равон беш аз 200 созмони ғайриҳукуматӣ дар 50 вилояти Русия мавриди тафтиши мақомоти ҳифзи тартиботу додситонӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифтанд. Аз ҳама бештар созмони “Голос”, ки ҷараёни интихобот дар Русияро таҳти назорат дорад ва дар интихобот ба Думаи давлатӣ дар соли 2011 ва дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор карда буд, мавриди фшори таъқиб қарор дорад.

Дар гузориши муштараки Афви Байнулмилал ва Human Rights Watch гуфта шудааст, ки Маскав бо қабули қонунҳо алайҳи ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар як соли ахир ва тафтиши фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро поймол кардааст.
XS
SM
MD
LG