Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Помазун мавриди ташхиси равонӣ қарор мегирад


Сергей Помазун, гумонбари ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Белгороди Русия, мавриди ташхиси иҷбории равонӣ қарор мегирад. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия бо такя ба муфаттишони бахши минтақаии Кумитаи тафтишоти Русия иттилоъ доданд.

Помазун шоми сешанбе дар истгоҳи роҳи оҳани Белгород боздошт шуд. Ҳангоми амалиёт ӯ муқовимат кард ва бо корд яке аз кормандони полиси нақлиётро маҷрӯҳ намуд.

Рӯзи 22 апрел Сергей Помазун, ки аз ин пеш чанд солро дар маҳбас сипарӣ карда буд, дар маркази шаҳри Белгород сӯи мизоҷони мағозаи «Шикор» ва раҳгузарҳо тир андохт ва аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. Шаш нафар, аз ҷумла, ду духтараки наврас, ба ҳалокат расиданд. Амалиёти боздошти ӯ дар Русия ва Украина доир гардид. Дар шаҳри Белгород тақрибан ду ҳазор кормандони ҳифзи тартибот барои дастгир намудани ӯ сафарбар шуданд.
XS
SM
MD
LG