Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирандозӣ дар Шинҷон-Уйғур боиси ҳалокати 21 нафар шуд


Бар асари тирандозӣ дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур, воқеъ дар ғарби Чин, дасти кам 21 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса рӯзи сешанбе дар мавзеи Бачу замоне ба вуқӯъ пайваст, ки кормандони пулис манзили сокинони гумонбар дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳро тафтиш мекарданд. Ба иттилои расмӣ, шаш нафар аз кушташудагон ҷинояткорони эҳтимолӣ ва боқимонда кормандони полис ва хизматчиёни мулкиянд.

Солҳои ахир дар вилояти Шинҷон-Уйғур миёни ҳантсҳо (чиноиҳо) ва уйғурҳои маҳаллӣ бархӯрдҳои қавмӣ фаровон рӯй медиҳанд. Дар яке аз чунин бархӯрдҳо дар соли 2009 тақрибан дусад нафар ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG