Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон шоми сешанбе ҳавопаймои низомии МиГ-31 суқут кард. Ҳарду сарнишини ҳавопаймо худро аз тариқи катапулта берун андохтанд, дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расид ва дигарӣ бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол ёфт.

Ба иттилои вазорати дифои Қазоқистон, ҳавопаймо дар фазои шабона парвози тамринӣ анҷом медод.

Сабаби суқути МиГ-31 – аз кор мондани муҳаррик арзёбӣ мешавад. Намояндагони корхонаи ҳавопаймосозии шаҳри Ржеви Русия, ки МиГ-31-и суқуткарда он ҷо моҳи декабри соли гузашта таъмир шуда буда, ба Қазоқистон даъват шуданд.
XS
SM
MD
LG