Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии аввали ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо шаби 23-юми апрел дар Мюнхени Олмон ба анҷом расид.

Дастаи мизбон – "Бавария"-и Олмон тими "Барселона"-и Испанияро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро дар дақиқаи 25-ум Томас Мюллер ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ Марио Гомес, Арйен Роббен ва боз ҳам Мюллер якголӣ заданд.

Ин бохти аз ҳама бузурги “Барселона” дар ҷомҳои аврупоӣ пас аз шикасти он бо ҳамин ҳисоб аз тими “Динамо”-и Киев моҳи ноябри соли 1997-ум мебошад.


Бозии аввал
“БАВАРИЯ” - “БАРСЕЛОНА” – 4:0 (1:0)

Голҳо: Мюллер, 25 (1:0). Гомес, 49 (2:0). Роббен, 73 (3:0). Мюллер, 82 (4:0).
"Бавария": Нойер, Лам, Боатенг, Данте, Алаба, Хавӣ Мартинес, Швайнштайгер, Риберӣ (Шачирӣ, 89), Мюллер (Писарро, 83), Роббен, Гомес (Луиз Густаву, 71).

"Барселона": Валдес, Даниэл Алвес, Бартра, Пике, Хордӣ Алба, Бускетс, Хавӣ, Инйеста, Педро (Виля, 83), Месси, Санчес.

Огоҳонида шуданд: Гомес, 37. Бартра, 39. Хавӣ Мартинес, 46. Санчес, 86. Швайнштайгер, 87. Хордӣ Алба, 89. Инйеста, 90+2.

Сардовар: Кашшаи (Маҷористон).
23-юми апрел. Мюнхен. Варзишгоҳи "Аллянс Арена". 68 000 тамошогар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG