Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, Маскав тағирот дар барномаҳои дифоъи зиддимушакии Амрикоро меомӯзад, вале то ҳол замонат мехоҳад, ки ин системаи мушакӣ бар зидди Русия истифода нахоҳад шуд.
Лавров рӯзи сешанбе дар Бруссел бо вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви паймони НАТО мулоқот кард ва ҳамзамон бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико музокироти дуҷониба анҷом дод.
Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО гуфт, ки дар мулоқоти НАТО ва Шӯрои Русия гуфтугӯҳои фаъол доштанд, вале роҷеъ ба масъалаи дифои мушакӣ пешрафт ҳосил нашуд.
Вазирони корҳои хориҷаи НАТО ҳамчунин вазъ дар Сурияро низ баррасӣ ва аз имкони истифодаи аслиҳаи кимёӣ изҳори нигаронӣ карданд.