Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии порламонии САҲА аз лату кӯби Муҳаммадалӣ Ҳаитов


Муҳаммадалӣ Ҳаитов
Муҳаммадалӣ Ҳаитов
Волфганг Гроссрук-иҷрокунандаи мақоми раиси маҷмаи Порламонии САҲА ба сабаби лату кӯби Муҳаммадалӣ Ҳаитов-муовини раиси ҲНИТ изҳори нигаронӣ кардааст. Дар изҳорот омадааст: “Маҷмаи порламонии САҲА аз ҳамла ба Муҳаммадалӣ Ҳаитов амиқан нигарон аст ва даъват мекунад, ки гунаҳгорон дастгир ва ба муҷозот кашонда шаванд.

Пештар ҳам Freedom House-созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дархост кард, ки ба ин ҳамла бояд ҳамаҷониба ва дақиқ расидагӣ анҷом бигирад. Ин дуввумин ҳамлае аз чунин шева дар давоми ду соли ахир ба мақомоти ин ҳизб аст.

19 апрел ду нафар афроди номаълум ба Ҳаитов ҳамла бурданд ва вайро маҷрӯҳ карданд. Баъд аз муддати кӯтоҳе бистарӣ шудан дар бемористон вай ҳоло дар манзили худ муолиҷа мегирад.
XS
SM
MD
LG