Пайвандҳои дастрасӣ

Бозрасони Русия дар қаторҳо бори изофиро ҳисоб кардаанд


Бозрасони ширкати федеролии қаторҳои мусофирбари Русия дар қаторҳои роҳи оҳани Маскав ба Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон 47 тон бори бештар аз меъёр ошкор карданд. Елена Мирошникова-намояндаи расмии ин ширкат ба матбуот гуфтааст, ки соли гузашта дар қаторҳои роҳи оҳан дар посгоҳҳои марзии Оқсарой, Илетск, Озинки ва Петухово тафтиш ҷорӣ шуда буд.

Дар натиҷаи ин тафтиш 367 тон бори изофӣ, яъне бори дастии мусофирон ва 1165 нафар мусофирони бебилет ошкор шудаанд. Ин гуна тафтишҳо дар Маскав ҳам анҷом мегирад ва бештар аз 47 тон бори изофӣ ошкор гардидааст.

Ҳоло дар вокзали Казани шаҳри Маскав эълонҳо ба ҷуз аз забони русӣ ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ садо медиҳад ва нотиқон ба ин забонҳо дар бораи қоидаҳои сафар аз роҳи оҳан низ матлумот медиҳанд. Қаторҳои роҳи оҳан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин вокзал ба роҳ мебароянд.
XS
SM
MD
LG