Пайвандҳои дастрасӣ

Хонуми бамгузори эҳтимолӣ Темурлан Тсарнаев изҳорот дод


Темурлан дар кӯдакӣ дар бағали модараш дар Махачқалъа

Темурлан дар кӯдакӣ дар бағали модараш дар Махачқалъа

Катерин Рассел-беваи Темурлан Тсарнаев-бамгузори эҳтимолии пойгаи Бостон мегӯяд, вай дар ҳолати “комилан таъаҷубзада” қарор дорад, ки шавҳараш дар ҳамлаи террористии 15 апрел шарик будааст. Дар ин ҳамла 3 нафар кушта ва 270 нафар маҷруҳ шудаанд.

Катерин Рассел бори аввал таввасути Амато Делука-вакили мудофеи худ изҳорот дод ва онро радиои Озодӣ низ ба даст овард. Вай дар ин изҳорот гуфтааст, ки “ҳамаи кори имкондоштаро анҷом медиҳад, то ба бозрасон кӯмак кунад”. Вай ба хонаводаҳое, ки наздикони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард.

Рассел бо шавҳараш Темурлан Тсарнаев дар Кембриҷ дар хонаи падару модараш зиндагӣ мекарданд. Онҳо як духтари 3 сола доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG