Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хуҷанд маркази муштараки дӯстии русҳову тоҷикон ташкил шуд


Дар шаҳри Хуҷанд маркази муштараки фарҳангии тоҷикону русҳо бо номи "Альянс" ташкил шуд. Ҳадафи ин марказ муттаҳид сохтани ҳамватанон ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷ аз он унвон шудааст.

Дар хабаре, ки матбуот ба нашр расондааст, гуфта мешавад, ки ин марказ саъй хоҳад кард, то фарҳанги русро тақвият бахшад, ҳамватанонро бидуни дарназардошти қавму миллият ва маҳаб муттаҳид кунад.

Раъно Тӯйчибоева созмондиҳандаи "Альянс" гуфтааст, ки дар ин марказ омӯзши забони русиро оғоз мекунанд, ба муҳоҷирони корӣ кӯмакҳои ҳуқуқӣ мерасонанд.
XS
SM
MD
LG