Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

60 солагии сафири тоҷиктабори Русияро ҷашн гирифтанд


Нурмаҳмад Холов-сафири Русия

Нурмаҳмад Холов-сафири Русия

Дар вазорати корҳои хориҷаи Русия маросими бузургдошт аз 60-умин солгарди Нурмаҳмад Холов-дипломати собиқадори Русия баргузор шуд.

Дар он ба ҷуз аз мақомоти вазорати Русия сафири Тоҷикистон дар Маскав ширкат доштанд. Нурмаҳмад Холов-писари калонии Маҳмадулло Холов-раиси Ҳайати Раисаи Шӯрои Олии Тоҷикистон дар солҳои Шӯравӣ донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1975 хатм намуд ва аз он сол то ба ҳол дар Яману Сурия, Ироқу Миср ва дар вазорати корҳои хориҷаи Русия дар мақомҳои гуногуни дипломатӣ фаъолият кардааст.

Дар як мусоҳибаи телефонӣ баъд аз табрики ҷашни 60-солагӣ аз Нурмаҳмад Холов пурсидем, ки дар солҳои фаъолияти дипломатӣ кадом марҳилаи кору зиндагиро барои худ муҳимтар ҳисоб мекунад?

Холов: Ман ҳамеша бо ҷараёноти рӯйдодҳо дар кишварҳои Ховари Миёна ё Шарқи Наздик будам ва ҳаёту фаъолияти ман бо ин минтақа вобаста аст. Ман дар ҳамин минтақа кор мекардам.

Озодӣ: Шумо чӣ гуна ба корҳои дипломатӣ дар Русия роҳ ёфтед, чун шумо зодаи Тоҷикистон будед, донишгоҳро дар шаҳри Душанбе хатм кардед. Чӣ тавр ба вазорати корҳои хориҷаи Русия омадед?

Холов: Ман дар солҳои Шӯравӣ таҳсил кардам. Он вақт аз ҷумҳуриҳои дигар ба корҳои дипломатӣ сафарбар мекарданд. Ҳамон солҳо ман ба Маскав омадам. Баъдтар ҳамин хел шуд, ки мо 5-6 нафарро даъват карданд ва аз ин ҷумла мо чанд нафар интихоб шудем ва соли 1975 ба корҳои сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Яман рафтем, ба Ямани Ҷанубӣ. Дар солҳои гуногуни фаъолиятам дар кишварҳои арабӣ аз корманди оддии сафорат то ба мақоми сафири Русия расидам.

Озодӣ: Ҳоло, ки шумо сафири Русия дар Қатар таъин шудаед, қабл аз оғози кор дар ин мақом худро чӣ гуна эҳсос мекунед?

Холов: На, на..., ман сафир таъин шудам, сафири Русия. Вале то ҳол мамлакат таъин нашудааст. Мамлакатро раиси ҷумҳури Русия бо фармони худ таъин мекунад. Чаҳор-панҷ давлат пешбинӣ шудааст. Вале то ҳол маълум нашудааст, ки кадом давлат.

Озодӣ: Шумо ин корро дар ҳаёти худ марҳилаи нав мепиндоред ё чӣ тавр?

Холов: Ин кор дар ҳаёти ман марҳилаи нав нест. 38 сол аст дар вазорати корҳои хориҷаи Русия кор мекунам. Чӣ хеле, ки то ҳол кор мекардам, ҳамон хел корамро давом медиҳам.

Озодӣ: Дар тамоми солҳои фаъолияти худ шумо дар берун аз зодгоҳ, дар берун аз Тоҷикистон будед. Оё зиндагиатонро бидуни Тоҷикистон тасаввур мекардед ва ёди зодгоҳ дар фикратон буд?

Холов: Чӣ хел набуд? Модари ман дар он ҷо ҳастанд. Бародарони ман дар он ҷо ҳастанд. Ҳамаи оилаи ман дар он ҷо. Ман он ҷо меравам, меоям. Ман бо онҳо тамоси доимӣ дорам. Чӣ хел дар фикрам набошад? Ман тоҷикам.

Озодӣ: Соле чанд бор ба зодгоҳ мераведу меоед, агар имкон даст диҳад?

Холов: 6-7 бор дар як сол рафта меоям.

Озодӣ: Шояд ин сафарҳо ба зодгоҳ ба назди пайвандон бошад, на чун сафари расмӣ аз як кишвар ба кишвари дигаре?

Холов: На, на... Агар як бору ду бор сафари расмӣ бошад, чаҳор-панҷ бори дигар сафари оилавӣ аст.

Озодӣ: Оё шумо шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам ҳифз кардед ё корҳои дипломатӣ тақозо мекард, ки шиносномаи Тоҷикистон надошта бошед?

Холов: Дар ин маврид мегӯянд, ки мулоҳиза ва коментария вуҷуд надорад. Ман аз шаҳрвандии ҳеҷ ҷо набаромадаам. Шароит моро дар ҳамин ҳолат қарор дод ва ман ҳоло шаҳрванди Русия ҳастам.

Озодӣ: Муносибататон бо Тоҷикистон бо Ватани падариву бобоӣ чӣ тавр аст?

Холов: Ман бо сафорати Тоҷикистон дар Русия алоқаи хуб дорам. Ман ба он ҷо рафту омад дорам ва ҳама медонанд, ки Тоҷикистон Ватани ман аст.

Озодӣ: Дар Тоҷикистон муносибати мақомот бо хонаводаи шумо чӣ гуна аст, агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки падаратон Маҳмадулло Холов шахсияти муътабаре буданд?

Холов: Боварӣ дорам, ки муносибат бояд хуб бошад. Ман фамин хел фикр мекунам. Модарам он ҷо ҳастанд. Бародарону хоҳаронам он ҷо ҳастанд. Аз аъзои хонавода ман яккаву танҳо ин ҷо ҳастам. Бо хонаводаи худам.

Озодӣ: Ба ҳамватанонатон дар Тоҷикистон чӣ паём доред?

Холов: Сабзиш, оромӣ, зисту зиндагии хуб, фақат бунёдкорӣ шавад. Пеш раванд. Ватани ман обод шавад, пеш равад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG