Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои эътирозии вазири маорифи Ироқ


Як вазири суннӣ дар ҳукумати таҳти раҳбарии шиъаҳои Ироқ дар паси ҳамлаи хунини нирӯҳои амниятӣ ба макони эътирози сунниҳо истеъфо дод. Ин иқдоми вазири маориф Муҳаммад Тамим дар пайи ҳалокати дастикам 23 нафар дар урдугоҳи эътирозгарон дар шаҳри Ҳавҷо, дар наздикии Киркук аст. Эътирозҳо дар манотиқи суннинишини Ироқ бо талаби истеъфои сарвазир Нурӣ Моликӣ 4 моҳ боз идома доранд. Эътирозгарон давлати таҳти раҳбарии шиъаҳоро ба таъқиби ақаллияти суннӣ айбдор мекунанд. Вазорати дифоъи Ироқ гуфт, нирӯҳо ба тирандозии афроди мусаллаҳ дар дохили урдугоҳ посух додаанд. Ба ҳисоби ин вазорат, 20 эътирозгар ва 3 афсари амниятӣ кушта шуданд. Сарвазир Моликӣ эълон кард, ки барои таҳқиқи қазия як кумитаи вижа таъсис додаанд.
XS
SM
MD
LG