Пайвандҳои дастрасӣ

Комроншоҳи Устопириён дар Ҷоми Аврупо панҷум шуд


Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни навҷавонони синнашон то 21-сола баргузор шуд

Дар ин мусобиқаи кушодаи байналмилалӣ 345 варзишгар (писарону духтарон) аз 18 кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа дар Маҷмааи варзишии “Юбилейний” ду рӯз идома ёфт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ гуштигир намояндагӣ карданд. Миёни онҳо паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар се даври мусобиқа бар рақибонаш Станислав Косоев (Русия), Абдумалик Бобоев (Узбакистон) ва Девид Текик (Олмон) пирӯз шуд.



Вале Комроншоҳ дар даври чорум аз Михаэл Коррел (Нидерланд), ки баъдан ғолиби ин мусобиқа шуд, шикаст хӯрд. Устопириён ҳамчунин барои ҷойи севум аз Давид Оганисян (Русия) мағлуб гашт ва дар ҷамъбаст мақоми панҷумро касб кард.

Паҳлавони тоҷик Ҷамшед Сафаров дар вазни то 66 кг дар нахустин даври мусобиқа аз Кенго Такаичи (Ҷопон) мағлуб шуд. Дарвоқеъ, Такаичи бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад ва барандаи Ҷоми Аврупо гардид. Ҷамшед бошад, баъдан бар Арсен Вагабов (Русия) ва Габриел Пинҳейро (Бразилия) ғалаба кард, вале барои дарёфти медали биринҷӣ аз Рикардо Сантос (Бразилия) шикаст хӯрд ва дар натиҷа дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт.

Гуштигири дигари тоҷик Шӯҳратҷон Фархизода дар вазни то 66 кг дар даврҳои муқаддамотӣ бар рақибонаш Телмо Гомес (Бразилия) ва Темур Темуров (Русия) дастболо шуд, вале дар даври баъдӣ аз Ҷуниор Деген (Нидерланд) мағлуб гашт.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон – Умед Абдураҳимов (дар вазни то 60 кг) дар даври аввал аз Дмитрий Окунев (Русия) ва Саидмуҳаммад Саидов (дар вазни то 81 кг) аз Ҳасан Холмирзоев (Русия) ва Дмитрий Зуев (Русия) шикаст хӯрданд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми Аврупо


Вазни то 55 кг

1. Руҷӣ НАГАЯМА

Ҷопон
2. Виталий КУРМАШЕВ Русия
3. Павел ПОЛТОРАК Русия
3. Гуилерм ЛОТСИО Бразилия
Вазни то 60 кг

1. Егор МГДСЯН

Русия
2. Ерлан ЖАҚСУБЕКОВ Қазоқистон
3. Хосе Винсент СОУЗА Бразилия
3. Саховат ГАҶИЕВ Русия
Вазни то 66 кг

1. Кенго ТАКАИЧИ

Ҷопон
2. Рамазон КОҶАКОВ Русия
3. Рикардо САНТОС Бразилия
3. Бузургмеҳр ҚОДИРӢ Русия
Вазни то 73 кг

1. Башир ТХАГАЛЕГОВ

Русия
2. Артур САРКИСЯН Арманистон
3. Заурбек ГАГЛОЕВ Русия
3. Магомедрамзан ГАЗАЕВ Русия
Вазни то 81 кг

1. Аслан ЛАППИНАГОВ

Русия
2. Ҳасан ХОЛМИРЗОЕВ Русия
3. Дмитрий ЗУЕВ Русия
3. Владимир ЗОЛОЕВ Русия
Вазни то 90 кг

1. Михаэл КОРРЕЛ

Нидерланд
2. Макс ДЕВРИЗ Нидерланд
3. Ҳусайн ХОЛМИРЗОЕВ Русия
3. Давид ОГАНИСЯН Русия
Вазни то 100 кг

1. Рюко ОГАВА

Ҷопон
2. Олег АБАЕВ Русия
3. Зелимхон ХУРСИНОВ Русия
3. Измаил ХАМХОЕВ Русия

Вазни + 100 кг

1. Катсума УЕДА

Ҷопон
2. Антон РУДНИК Украина
3. Алексей САПУНОВ Русия
3. Еламан ЕРГАЛИЕВ Қазоқистон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG