Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастикам 26 кушта дар даргириҳо дар Ҳавҷои Ироқ


Мақомоти низомии Ироқ мегӯянд, имрӯз дар пайи амалиёти артиш болои қароргоҳи эътирозгарони суннӣ дар Ҳавҷо, воқеъ дар наздикии Киркук, ки ба даргирии нирӯҳои амниятӣ бо мӯътаризон печид, дастикам 26 тан кушта шуданд. Манобеъи низомӣ мегӯянд, аксари кушташудаҳо эътирозгаронанд.
Вазорати дифоъи Ироқ гуфт, нирӯҳо ба тирандозии афроди мусаллаҳ дар дохили ин урдугоҳ посух додаанд. Вале эътирозгарон мегӯянд, ки онҳо замони тирандозии артиш силоҳ надоштанд. Эътирозҳо дар манотиқи умдатан суннинишини Ироқ бо талаби истеъфои сарвазири шиъа Нурӣ Моликӣ 4 моҳ боз идома доранд. Эътирозгарон давлати таҳти раҳбарии шиъаҳоро ба таъқиби ақаллияти суннӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG