Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳашт турку 3 қирғизу русу афғон дар асорати Толибон


Ҳукуматҳои Қирғизистону Туркия саъй доранд, бо кӯмаки ҳукумати Афғонистон ва пирони қабилаҳои афғон сарнишинони асирафтодаи чархбол дар вилояти Лугарро аз асорати Толибон раҳо кунанд.

Рӯзи сешанбе дар ҳоле, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон макони буду боши сарнишинони чархбол: 8 шаҳрванди Туркия, як қирғиз, як рус ва як тарҷумони афғонро ҷустуҷӯ доштанд, Толибон иброз доштанд, ки дар пайи рабудани сарнишинони чархбол асиронро ба минтақаи амн интиқол додаанд.

Рӯзи якшанбе ҳангоми парвоз аз вилояти Хуст ба Кобул чархбол дар шароити номусоиди боду ҳаво ба фуруд дар минтақаи Азраи вилояти Лугар, ки зери назорати Толибон қарор дорад, маҷбур шуд. Толибон иддао доранд, ки онҳоро асир гирифтаанд. Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон дар Афғонистон меномад, тавассути телефон ба хабаргузории Франс пресс гуфтааст, ки асирон ба минтақаи амн интиқол ёфтаанд. Ба гуфти ин ин манбаъ, сарнавишти асиронро раҳбарони Толибон ҳал хоҳанд кард.




Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ мегӯяд, нерӯҳои интизомӣ ҷустуҷӯи гуруҳро оғоз намудаанд, вале бо сабабҳои амниятӣ ӯ тафсилоти бештар надод. Як мансабдори давлатии Афғонистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки мақомот саъй доранд, пирони қабилаҳоро ба музокирот бо Толибон ҷалб намуда, аз амалиёти густурда дар минтақа ҷилавгирӣ кунанд. Намояндаи ҳукумати вилояти Лугар Динмуҳаммад Дарвеш мегӯяд, феълан масъалаи музокирот дар маркази таваҷҷӯҳ аст. Ӯ афзудааст, ки Толибон дар муҳосира қарор доранд ва ба онҳо имкон нахоҳанд дод, ки ҳамроҳ бо асирон аз минтақа фирор намоянд. Гаравгонгирии рӯзи якшанбе бузургтарин гаравгонгирии Толибони афғон дар тӯли шаш соли ахир аст.

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, яке аз гаравгонҳо шаҳрванди 47-солаи ин ҷумҳурӣ Нурғозӣ Қонушбеков аст. Дипломатҳои қирғиз дар ҳамоҳангӣ бо Русия ва нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистогн кӯшиш доранд, ки ҳамватанашонро раҳо намоянд. Расонаҳои Туркия навиштаанд, ки бо хоҳиши ҳукумати Туркия, пирони қабилаҳо бо Толибон имкони раҳоии гаравгонҳоро баррасӣ доранд.

Мисли он, ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст, имкони раҳоии 10 сарбозро, ки ҳангоми амалиёт дар вудусволии Вардуҷ ба асорати Толибон афтидаанд, баҳс мекунад. Раиси ноҳияи Вардуҷ Давлатмуҳаммад Ховар мегӯяд, ки Толибон дар муқобили раҳоии сарбозони давлатӣ се шарт гузоштаанд: “Посгоҳҳо дар рӯи деҳаҳо бардошта шаванд, хунбаҳои шаш нафар кушта, ки ба гуфти Толибон афроди мулкӣ будаанд, пардохта шавад ва нуҳ толиби асирафтода аз мабҳаси Файзободи Бадахшон раҳо шаванд”

Вулусволии Вардуҷи вилояти Бадахшон аз ноҳияҳои ноороми шимолу шарқи Афғонистон ба шумор меравад, Ахиран, мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон иттилоъ доданд, ки 40 деҳаро аз толибон поккорӣ кардаанд. Аммо Шоҳвалиюллоҳ Адиб, волии Бадахшон мегӯяд, Толибон ва аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон аз нав ба харобкорӣ дар Бадахшон рӯй овардаанд.

Ҳукумати Толибон дар охири соли 2001-ум бо оғози амалиёти нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии ИМА фурӯ пошид, вале Толибон аз ҳамон вақт ба ин тараф муқовимат сарсахтона нишон медиҳанд. Дар ҳоле ки нерӯҳои байналмилалӣ ба хуруҷ аз Афғонистон омодагӣ мегиранд, ҳамлаҳо болои сарбозони афғон афзоиш ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG