Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии амиқи САҲА аз ҳамла ба Муҳаммадалии Ҳаит


Маҷмаъи парлумонии САҲА аз ҳамла ба муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадалии Ҳаит изҳори нигаронии амиқ карда, хостори ба масъулият кашондани омилони ин ҳамла шудааст. Раиси ин ниҳод Волфганг Гроссрук гуфт, «ин амали хушунатомез хеле ташвишовар аст.» Ба ақидаи ӯ, дар майдони демократия набояд ба хушунат роҳ диҳанд.Гроссрук ҳамчунин хостори анҷоми таҳқиқи ин қазия аз сӯи «мақомоти босалоҳият, холис ва мустақил» шуд.
Муҳаммадалии Ҳаит шоми 19 апрел дар назди манзилаш дар Душанбе ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ҳизби наҳзат барои маълумоте ки омилони ин ҳамларо ошкор кунад, 10 000 доллар ҷоиза таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG