Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон имсол 7,3 фоиз рушд доштааст


Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 6,680 миллиард сомонӣ, ё ҳудуди 1,4 миллиард долларро ташкил дод. Бино ба иттилоъи Ожонси омор, ин нишондиҳанда назар ба айни давраи соли гузашта 7,3 дарсад афзудааст. Соли 2012 маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 36,1 миллиард сомонӣ баробар шуда буд. Тибқи пешбинӣ, имсол дар назар аст, ки ин рақам ба 40 миллиард сомонӣ расонда шавад.
XS
SM
MD
LG