Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавҳар Тсарнаевро расман айбдор карданд


Гумонбари зиндамондаи бомбгузориҳо дар марафони Бостон Ҷавҳар Тсарнаевро расман ба ҷиноятҳое, чун истифодаи силоҳи куштори ҷамъӣ айбдор карданд. Дар сурати дайн шудани ин иттиҳомот, ӯ метавонад ба ҳабси абад ё қатл маҳкум шавад. Мақомоти федеролӣ айбномаро ба Тсарнаеви 19-сола, ки дар як вазъи сангин қарор дорад, рӯзи душанбе дар бемористони Бостон эълон карданд. Ба гуфтаи ду мақоми амрикоӣ, шаҳодатҳои муқаддамотии гумонбар ҳокист, ки ӯву бародари калониаш Темурлан аз тундгароии динӣ илҳом гирифтаанд, вале бо ягон созмони террористӣ иртибот надоштанд.
Ин ду бародар омилони ду таркиши бомб дар хатти марраи марафони Бостон дар рӯзи 15 апрел шумурда мешаванд. Дар он ҳамла 3 кас кушта ва беш аз 170 тан захмӣ шуданд. Темурлан дар як амалиёти таъқиб рӯзи панҷшанбе кушта шуда, Ҷавҳарро рӯзе баъд дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG