Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони эҳёи музокироти барномаи ҳастаии Эрон


Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ мегӯяд, нақша дорад, бо Эрон музокироти барномаи ҳастаии баҳсбарангези Теҳронро аз сар гирад. Рӯзи душанбе сухангӯи агентӣ хонум Гил Тудор гуфт, ҷонибҳо замони оғоз музокиротро баррасӣ доранд. Расонаҳои эронӣ навиштаанд, ки музокирот 21-уми май дар Вена барпо хоҳад шуд, вале Тудор ин хабарро тасдиқ накард. Моҳи феврал музокироти барномаи ҳастии Теҳрон бидуни натиҷа ба анҷом расида буданд. Эрон нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро рад намуда, мегӯяд барномаи ҳастаияш на барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ, балки бо ҳадафҳои осоишта таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG