Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба мухолифини Сурия кумак мерасонад


Артиши Сурия ба ҳамла болои Ҳалаб омодагӣ мегирад
Артиши Сурия ба ҳамла болои Ҳалаб омодагӣ мегирад
Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат кардаанд, ки ба ҳайси кумак ба мухолифини режими президенти Сурия Башор ал-Асад таҳрими вуруди нафт аз Сурияро сабуктар кунанд.Рӯзи душанбе вазирони аврупоӣ дар Люксембург ризоят доданд, ки бо машварати Шӯрои миллии Сурия вуруди миқдори муайяни нафти ин кишварро иҷозат диҳанд. Соли 2011-ум бо оғози таъқиби ошӯби нерӯҳои ҷонибдори демократия аз тарафи режими Башор ал-Асад кишварҳои аврупоӣ вуруди нафти Сурияро мавриди таҳрим карор доданд. Дар давоми ду соли ошӯб камаш 70 ҳазор сокини Сурия ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG