Пайвандҳои дастрасӣ

Сунниҳои Ироқ эътироз доранд


Рӯзи душанбе дар манотиқи сукунати мусулмонони суннимазҳаби Ироқ корпартоӣ ва худдории дастҷамъии донишҷӯён аз ширкат дар дарсҳои мактабҳову донишгоҳҳо ба қайд гирифта шуд. Гуфта мешавад, ки сунниҳо ба нишони табъиз аз тарафи ҳукумати зери назорати мусулмонони шиамазҳаб ба ин амал даст задаанд. Эътирозгарон дар вилоятҳои Салоҳуддин, Анбор ва Найнаво иброз доштаанд, ки ҳукумат ба ваъдаҳояш вафо намекунад. Ба қавли сунниҳо баъди барканории режими Саддом Ҳусайн дар пайи амалиёти эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар соли 2003-ум онҳо зери фишор қарор гирифтаанд. Эътирозҳои сунниҳо бар зидди ҳукумати зери раҳбарии шиаҳо моҳи бдекабри гузашта оғоз ёфтаанд. Ҳукумат ба баъзе гузаштҳо мувофиқат кардааст, вале сунниҳо қаноатманд нестанд. Рӯзи шанбеи гузашта бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ ҳукумати Ироқ баргузории интихоботи маҳаллӣ дар вилоятҳои Анбору Найнаворо ба таъхир гузошт.
XS
SM
MD
LG