Пайвандҳои дастрасӣ

Айбномаи гумонбари бомбгузории Бостон эълон шуд


 Ҷавҳар Тсарнаев

Ҷавҳар Тсарнаев

Вазорати адлияи ИМА мегӯяд, муттаҳам дар бомбгузории дави марафонии Бостон- Ҷавҳар Тсарнаев расман бо истифодаи силоҳи куштори дастаҷамъӣ айбдор дониста мешавад ва агар гуноҳи ӯ собит гардад, ӯ имкон дорад ба эъдом маҳкум шавад. Ҳамчунон Тсарнаев бо тахриби моликият ба воситаи маводи тарканда айбдор дониста шудааст. Айбномаи Тсарнаеви 19-сола рӯзи душанбе дар бемористон эълон шуд. Ба қавли табибон вазъи саломатии ӯ ҳанӯз ҳам ҷиддӣ мебошад. Ҷавҳар ва бародараш Темурлан аслан чечен ҳастанд. Онҳо бо бомбгузории рӯзи 15-уми апрел, ки ҳаёти 3 нафарро аз байн бурда, 173 каси дигарро маҷрӯҳ намудааст, муттаҳам мешаванд. Ҷавҳар рӯзи ҷумъа дастгир шуд. Вале бародараш Темурлан як рӯз пеш аз он ба қатл расид. Рӯзи душанбе шаҳри Бостон ва дигар минтақаҳои аёлати Массачусетси ИМА ба ёди қурбониҳои бомбгузорӣ як дақиқа хомӯш истоданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG