Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ Ҳомид Карзай ба Бруссел сафар мекунад


Аймал Файзӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки рӯзи сешанбе Ҳомид Карзай ба Бруссел сафар мекунад ва дар он ҷо бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ва бо мақомоти баландпояи Покистон дар бораи мушкилиҳои сулҳи Афғонистон сӯҳбат мекунад.

Сухагӯи Карзай гуфтааст, ҳадафи ин музокирот “таъмир”-и муносиботи Кобул ва Исломобод аст. Вақтҳои ахир муносиботи Афғонистону Покистон барои масъалаҳои марзӣ ва равандҳои мусолиҳа сард шудааст. Файзӣ рӯзи душанбе гуфт, ки Покистон натавонистааст ваъдаҳои худро роҷеъ ба мусолиҳа иҷро кунад, ба ин сабаб боварии афғонон ба Исломобод кам шудааст.
XS
SM
MD
LG