Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе 20 нафар курсҳои зиддитеррористиро хатм карданд


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон давраҳои омӯзишии зиддитеррористиро барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Дар ин бора сафорат 22 апрел дар Душанбе хабари матбуотӣ ба нашр расонд.

Бо кӯмаки ин сафорат 20 нафар кормандони вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати маводи мухаддири вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин давраҳои омӯзиширо дар доираи фаоъолиятҳои Барномаи ёрии зиддитеррористӣ хатм намуданд.

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии вазорати корҳои хориҷаи Амрико ташкил шуд. Ин ниҳод ба кишварҳое, ки машғули мубориза бо терроризм мебошанд, барои омӯзиши коршиносон ва таҳияи таҷҳизот кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG