Пайвандҳои дастрасӣ

Қаландаров: Русия муборизаи носолими нақлиётӣ пеш мебарад


Усмон Қаландаров

Усмон Қаландаров

Усмон Қаландаров-муовини раиси ширкати “Роҳҳои оҳани Тоҷикистон” ба матбуот гуфтааст, ки Русия барои бозори Узбакистону Тоҷикистон муборизаи носолим пеш мебарад ва дар қаторҳои мусофирбари Душанбе-Маскав тафтиш анҷом медиҳад.

Вай ба хабаргузории “Интерфакс”-и Русия гуфтааст, ки чунин тафтиш аз ҷониби шахсиятҳлои боломақоми Русия роҳи нави рақобати носолим дар бозори нақлиётист”.

Ба гуфтаи Усмон Қаландаров, 80 дарсади хадамоти роҳи оҳани Қирғизистон дар дасти Русия аст ва ҳоло Русия мехоҳад моро аз бозори Узбакистон берун кунад. Агар чунин кор ба онҳо муйясар шавад, дар он сурат, 500 нафар кормандони роҳи оҳани Тоҷикистон бекор мемонанд.
XS
SM
MD
LG