Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон ба музокироти узвият дар ИА иҷоза гирифт


Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кардааст, ки музокироти узвияти Сербистон дар Иттиҳодияи Аврупо оғоз шавад. Кумиссиюни Аврупо дар ин бора рӯзи душанбе пешниҳоди худро ба нашр расондааст.

Дар он гуфта мешавад, ки Сербистон “дар ин роҳ қадами муҳиме бардоштааст ва муносиботаш бо Косово устуворона беҳбуд меёбад”. Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон дар остонаи мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои Иттиҳодия Аврупо дар Люксембург гуфт:

“Мо мехоҳем, ки созишномаи миёни Сербистону Косово иҷро шавад. Аз нуқтаи назари мо ин хеле муҳим аст”.

Дар гузориши алоҳида роҷеъ ба Косово гуфта мешавад, ки ин кишвар низ “ҳамаи шартҳои муқаддамотӣ”-ро иҷро кардааст ва аз кишварҳои узв хостааст, ки барои узвият дар ин иттиҳодия ба ин кишвар низ иҷоза диҳанд, то музокироти узвиятро оғоз кунад.

Ин ду эъломия бояд дар поёни ҳафтаи гузашта ба нашр мерасид, вале он ба таъхир афтод, то Белград ва Приштина дар бораи беҳбуди муносибот музокироти бештар анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG