Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: 23 апрел - «Равшан» - “Ал Рамза”, 24 апрел - «Регар» - “Сафо”


Ин ҳафта дастаҳои футболи Тоҷикистон - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё-2013 ширкат хоҳанд кард.

Дастаи «Равшан», қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи сешанбе, 23-юми апрел дар сафар бо тими “Ал Рамза”-и Урдун рақобат мекунад. Ин бозии гурӯҳи “D” дар варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Абдуллоҳи Уммон соати 20 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Ёдовар мешавем, ки “Равшан” дар нахустин бозиаш рӯзи 6-уми март дар Хуҷанд аз тими “Ал Рамза” бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.

Бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “D” рӯзи сешанбе миёни дастаҳои “Ал Шорта”-и Сурия ва “Ал Қудсия”-и Кувайт барпо мегардад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои чаҳор даври мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “D” тимҳои “Ал Шорта” ва “Ал Қудсия” бо 9-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Тими “Ал Рамза” бо 6 имтиёз дар зинаи севум мебошад. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш 1-9) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шудааст.

Дастаи «Регар-ТадАЗ», барандаи Ҷоми Тоҷикистон, бозии даври панҷумро рӯзи чоршанбе, 24-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Сафо”-и Лубнон анҷом медиҳад. Ин бозии гурӯҳи “А” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” соати 15 оғоз меёбад. Ёдовар мешавем, ки нахустин бозии дастаи “Регар-ТадАЗ” рӯзи 5-уми март дар сафар бо тими “Сафо” бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд.

Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “А” рӯзи чоршанбе дастаи “Кувайт”-и Кувайт дар майдони худ бо тими “Ал Риффа”-и Баҳрайн рақобат мекунад.
Ҳоло дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи “Сафо” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 2-12) дар ҷойи охирин – 4-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG