Пайвандҳои дастрасӣ

Ду донишҷӯи қазоқ дар робита бо бамгузории Бостон боздошт шуданд


Дар шаҳри Бостони Амрико ду донишҷӯи қазоқ барои иқомати ғайриқонунӣ ва риоят накардани муқаррароти муҳоҷират боздошт шуданд.

Мақомоти расмии вазорати корҳои хориҷаи Қазоқистон мегӯяд, ин ду донишҷӯ дар ҷараёни ҷӯстуҷӯи бамгузорони Бостон боздошт шудаанд ва ба имкони иртиботи онҳо бо бамгузорони эҳтимолии марафони Бостон расидагӣ мешавад.

Бино ба гуфтаи мақомоти вазорати хориҷаи Қазоқистон, консули ин кишвар бо бозрасон ва бо ин ду донишҷӯи боздоштшудаи қазоқ дар тамоси доимӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG