Пайвандҳои дастрасӣ

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 20-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони Беларус ва Узбакистон анҷом ёфт.

Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар ин ниммарафони байналмилалӣ, ки барои бори чорум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, ба ҷуз варзишгарони тоҷик 38 давандаи касбӣ аз бародаршаҳрҳои Душанбе, шаҳрҳои бузурги кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳое, ки бо мо ҳамкориҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доранд (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) ширкат карданд. Инҳо варзишгарони Афғонистон, Беларус, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Украина ва Эрон буданд. Инчунин, дар ин ниммарафон 10 нафар намояндагони сафоратҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Олмон дар Тоҷикистон иштирок намуданд.“





Дилшод Қурбонов - сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе

Дилшод Қурбонов - сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе

Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифт, аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи Душанбе – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) баргузор шуд.

Дар сабқати занон Александра Дулиба (Минск, Беларус) бо натиҷаи 1 соату 15 дақиқаю 7 сония мақоми аввалро касб кард. Екатерина Фатеева (Русия, 1.15.44) дувум, Юлия Чиженко (Русия, 1.15.47) севум, Ситора Ҳамидова (Узбакистон, 1.17.45) чорум, Мария Коробитская (Бишкек, Қирғизистон, 1.17.52) панҷум ва Марина Хмилевская (Тошканд, Узбакистон, 1.19.31) шашум шуданд.

Дар сабқати мардон Андрей Петров (Узбакистон) бо натиҷаи 1 соату 6 дақиқаю 12 сония ғолиб омад. Виталий Шафар (Киев, Украина, 1.06.43) дар ҷойи дувум, Денис Багреев (Бишкек, Қирғизистон, 1.08.38) дар ҷойи севум, Ҳасан Ғафуров (Душанбе, Тоҷикистон, 1.09.45) дар ҷойи чорум, Андрей Карпин (Санкт-Петербург, Русия, 1.10.48) дар ҷойи панҷум ва Сайидмеҳдии Шарифӣ (Шероз, Эрон, 1.14.13) дар ҷойи шашум қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд. Ӯ афзуд: “Ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда шуд. Ҳамчунин, варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро гирифтанд, бо мукофоти пулӣ сарфароз шуданд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ. Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 20-уми апрел доир шуд, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев супурд. Ҳамчунин, дар ин маросим ғолибони озмунҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.”

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон, ки “Беҳтарин варзишгари сол” гардид, бо хонаи сеҳуҷраӣ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ қадрдонӣ шуд.

Мураббии вай Мирзо Шамсиев, ки “Беҳтарин мураббии сол” эълон шуд, бо ҷоизапулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ сарфароз гашт.

Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии рақами 9-и шаҳри Душанбе оид ба бокс “Беҳтарин мактаби варзишии сол” дониста, бо 3,5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Толори Маркази таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинги Душанбе соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин толори варзишии сол” гардид ва бо 2,5 ҳазор сомонӣ ҳавасманд карда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG