Пайвандҳои дастрасӣ

Сербистон истиқлоли давлатии Косоворо эътироф кард


Суханронии Ивича Дачич-нахуствазири Сербистон дар ҷаласаи ҳукумат

Суханронии Ивича Дачич-нахуствазири Сербистон дар ҷаласаи ҳукумат

Ҳукумти Сербистон созишномаи оддӣ сохтани муносибот бо Косоворо ба тасвиб расонд. Барои расидан ба тавофуқот ва омода сохтани ҷонибҳо Иттиҳодияи Аврупо миёнҷигарӣ мекард.

Ин созишнома ба Сербистон ҳақ медиҳад, ки дар шимоли Косово пулиси худро мустақар кунанд, зеро дар ин минтақа аслан сербҳо сукунат доранд. Сербистон дар ҷавоб истиқлоли давлатии Косоворо ба расмият мешиносад.

Нахуствазирони Косово ва Сербистон рӯзи ҷумъаи гузашта бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо дар музокирот ба созиш расиданд.

Рӯзи якшанбе ду ҳизби аслии Сербистон изҳор доштанд, ки аз тавуфуқоти ду кишвар ҷонибдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG