Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Константин Лебедев дар Маскав оғоз мешавад


Константин Лебедев
Константин Лебедев
Рӯзи душанбе дар Маскав мурофиаи додгоҳии Константин Лебедев-яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Русия барпо мешавад. Вайро барои беназмиҳои соли гузашта муттаҳам медонанд. Бино ба хабари Додситонии Кулл, Лебедев дар ҷараёни расидагӣ гуноҳи худро эътироф кардааст ва барои ҳамин мурофиа бидуни бозпурсии муқаддамотӣ баргузор мешавад.

Бино ба иддаои ҷониби бозрасон, Лебедев якҷо бо Сергей Удалтсов-ҳамоҳангсози Ҷабҳаи Чап, Леонид Развозжаев-фаъоли ҳуқуқ ва Гивӣ Таргамадзе-сиёсатмадори гурҷӣ моҳи маи соли 2012 дар майдони Балотная дар Маскав беназмиҳоро созмон додаанд.
Развозжаев моҳи октябр боздошт шуд. Удалтсов дар ҳасбси хонагӣ қарор дорад. Моҳи феврал Русия барои ҳабси Таргамадзе дастури ҳабси байналмиллалӣ содир кард.
XS
SM
MD
LG