Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи нируҳои ҳукуматӣ даҳҳо нафар кушта шудаанд


Фаъолони ҳуқуқи Сурия мегӯянд, дар ҳамлаҳои нируҳои ҳукуматӣ дар наздикии Димишқ-пойтахти ин кишвар даҳҳо нафар ба қатл расидаанд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия дар Лондон гуфтаанд, дар панҷ рӯзи ҳамлаҳои нируҳои ҳукуматӣ дар Ҷейд ал Фадл дастикам 80 нафар кушта шудаанд. Фаъолони дигар ин шумораро тақрибан 250 нафар мегӯянд.

Хабаргузории давлатии Сурия бо номи Sana мегӯяд, “нируҳои ҳукуматӣ ба террористҳо шикасти сангин ворид кардаанд”.

Аз сӯи дигар, Урдун гуфтааст, аз Шӯрои Амнияти СММ хоҳад хост, то ба бӯҳрони паноҳҷӯёни Сурия таваҷҷуҳ кунанд. Урдун мегӯяд, аз моҳи марти соли 2011 то ҳол 500 000 паноҳҷӯ аз Сурия вориди хоки Урдун шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG