Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дақиқае сукут ба поси хотираи қурбониёни бамгузории Бостон


Ҷоҳар Тсарнаев яке аз бамгузорони эҳтимолист

Ҷоҳар Тсарнаев яке аз бамгузорони эҳтимолист

Дуруст баъд аз як ҳафтаи бамгузориҳо дар марафон ё дави умумии Бостон дар ин шаҳр ва шаҳру шаҳракҳои дигари аёлати Массачусетс ба поси хотираи қурбониёни бамгузорӣ дақиқаи сукут эълон шудааст. Рӯзи душанбеи гузашта дар ду бамгузорӣ дар Бостон 3 нафар кушта, бештар аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Яке аз афроди гумонбар бо номи Тамерлан Тсарнаев шаби рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳона бо пулис аз захми тир даргузашт. Бародари хурдии вай бо номи Ҷоҳар Тсарнаев шаби ҷумъа дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯ боздошт шуд.
Ҷоҳар дар бемористон аст ва гап зада наметавонад, зеро аз гарданаш тир хӯрдааст. Вале бар зидди вай парванда боз шудааст.

Эд Дэвис-комиссари пулиси Бостон гуфт, ин ду бародар, ки шаҳрванди Чеченистон мебошанд, аслиҳаву муҳимоти кофӣ дар ихтиёр доштаанд ва шояд ҳамлаҳои дигареро ба нақша мегирифтанд.
XS
SM
MD
LG