Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Қубодиён як сокини маҳаллиро бо иттиҳоми баркандани пагон (рутба)-и нозири Бозрасии давлатии нақлиётӣ аз рӯйи китфаш, барои ним сол аз озодӣ маҳрум кард.

Сардор Ишонови 28-сола, сокини яке аз деҳаҳои ноҳияи Қубодиён, дар "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ" (аз рӯйи моддаи 328, қисми 1) ва "таҳқири намояндаи ҳокимияти давлатӣ" (моддаи 330 қисми 1), муттаҳам дониста шуд.

Давлатманд Раҳимов, раиси додгоҳи ноҳияи Қубодиён, гуфт, "дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ маълум гардид, ки соати 10-и шаб дар маркази ноҳияи Қубодиён Сардор Ишонов ва дӯсташ Комилҷон Амиров дар ҳолати сархушӣ мошинро идора карда, ба боздошт ва талаби ҳуҷҷатҳои ронандагӣ аз сӯйи Афзалшо Зубайдов, сержанти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Қубодиён, итоат накардааст."

Давлатманд Раҳимов афзуд: "Бар замми ин ки Комилҷон Амиров, ронандаи "сархуш"-и мошин ба талаби корманди БДА итоат накардааст, Сардор Ишонов, ки ҳамчунин, сархуш дар нишастгоҳи ақиби мошини сабукрав менишаст, аз мошин берун баромада, нисбати корманди БДА таҳқиру зӯровариро раво дида, нишони сари китфи чапи сержантро канда, ба замин партофтааст."

Додгоҳ нисбати Сардор Ишонов ҷазо таъйин карда ва номбурда ба муддати 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуда, дар колонияи низомаш умумӣ, адои ҷазо хоҳад кард.

Аммо додгоҳ мегӯяд, Комилҷон Амиров, ронандаи "сархуш"-и мошин, ба муҷозот кашида нашуд, чунки Бозрасии давлатии автомобилӣ нисбат ба ӯ даъво пешниҳод накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG