Пайвандҳои дастрасӣ

Нуҳ сарнишини як чархбол ба дасти Толибон афтоданд


Нуҳ сарнишини як чархбол дар вилояти Лугар воқеъ дар ҷануб-шарқи Афғонистон, ба чанги Толибон афтоданд.

Ин чархбол шоми дирӯз бинобар боду ҳавоии номусод, ба таври изтирорӣ маҷбур шуд дар вулусволии Арзи вилояти Лугар фуруд ояд.

Доктор Абдулвалӣ Вакил, раиси Шӯрои вилояти Лугар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нуҳ сарнишини ин чархбол ба чанги Толибони мусаллаҳ афтодаанд. Вай афзуд, ки барои раҳоии ин афрод бо бузургои қавмии ин маҳал, вориди музокира шудаанд.

Др ҳамин ҳол Раисхон Содиқ Абдураҳимзай, муовини фармондеҳии Лугар ҳам ин хабарро таъйид кард, аммо дар мавриди теъдоди сарнишинони ин чархбол тафсилоти бештар ироа накард. Ин манбаъ гуфтааст, ки ин чархбол ҳамакнун дар муҳосираи гуруҳи Толибон қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки сарнишинони ин чархбол шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. То кунун ҳуввияти ин афрод ошкор нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Туркия ва Амрико низ мебошанд.
XS
SM
MD
LG