Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафт медали муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни наврасони солҳои таваллудашон 1997 – 1998, ки дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон баргузор шуд 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ 98 муштзани наврас аз 13 кишвари қора – Амороти Муттаҳидаи Араб, Бутан, Кувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон ва Шри-Ланка, инчунин, дастаи Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) ширкат доштанд.

Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои AIBA дар гурӯҳи наврасон дар 13 вазн баргузор шуд. Ҳар як қувваозмоӣ аз 3 раунди дудақиқаӣ иборат буд.

Муштзанҳои навраси тоҷик Баҳодур Усмонов (52 кг), Далерҷон Ҳусейнов (54 кг) ва Ҳамза Сулаймонов (63 кг) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале дар финал Баҳодур Усмонов аз рақибаш Ҷавоҳирбек Каримов (Узбакистон), Далерҷон Ҳусейнов аз Аблайхан Юсупов (Қазоқистон) ва Ҳамза Сулаймонов аз Владислав Столбовский (Қазоқистон) мағлуб шуда, бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Чаҳор муштзани дигари тоҷик - Шаббос Неъматуллоев (66 кг), Абубакр Мирзоалиев (75 кг), Фаридун Азимов (80 кг) ва Аминҷон Муродов (+80 кг), ки дар даври ниманиҳоӣ шикаст хӯрданд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Тоҷикистон бо касби 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи чорум қарор гирифт. Дастаи мизбон – Қазоқистон бо касби 11 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи аввал, мунтахаби Узбакистон бо касби 10 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби AIBA бо касби 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG