Пайвандҳои дастрасӣ

Аморати Қафқоз гуфт, ба ҳамлаи Бостон иртибот надорад


Як ҳаракати мухолифи исломгарои давлати Русия дар Қафқози Шимолӣ эълон кард, ки ҳеҷ иртиботе ба бомбгузории хунин дар дави марафонии шаҳри Бостони Амрико надорад. Дар баёнияи ҳаракати мавсум ба Аморати Қафқоз, ки дар торнамои тундгароёни исломӣ кавказсентр нашр шудааст, гуфта мешавад, ин созмон на алайҳи Амрико ва на Русия меҷангад ва Доку Умаров, раҳбари созмон ҳамла ба мардуми бегуноҳро мамнӯъ кардааст. Дигар ин ки Зубайда Тсарнаева, модари бародарони чечен ва муттаҳамон ба бомбгузории Бостон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзандонаш бегуноҳанд ва онҳоро мақомоти Амрико ба чунин банд андохтаанд: “Ин як дурӯғи маҳз аст, ин як саҳнае буд, ки амрикоиҳо сохтаанд. Ман ҳеҷ гоҳ ба ин бовар намекунам. Зубайда Тсарнаев ҳамчунин гуфт, Темирлан, писари калониашро, ки дар даргирӣ бо маъмурони пулис дар рӯзи 19 апрел кушта шуд, FBI Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико муддати 5 соли ахир “назорат” мекард. Ҷавҳар писари хурдӣ ва муттаҳами дигар ба бомбгузории Бостон зимни муқовимат ба маъмурони пулис захмӣ шуд ва ҳоло дар шифохона аст. Дар бомбгузории рӯзи душанбе дар дави марафонии Бостон, 3 нафар кушта ва 176 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG