Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони мактаби Тахорро заҳролуд карданд


Вилояти Тахор. Акс аз бойгонӣ.
Вилояти Тахор. Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Толиқон, маркази маъмурии вилояти Тахори Афғонистон даҳҳо муҳассилини як мактаби духтаронаи ин шаҳрро масмум ва ё заҳролуд кардаанд.

Ҳасиб Ализода, табиби навбатдори шифохонаи шаҳри Толиқон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, бештар аз 30 шогирди беҳолшудаи литсейи Бибимарямро ба шифохона овардаанд.

Ӯ афзуд: “Вақте маризонро меоранд, гирён ҳастанд, фишорашон аксаран поён аст, худашон ноором, бисёр сарусадо мекунанду худро ба ҳар тараф мезананд.”

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ба ин литсей рафта буд мегӯяд, шогирдони ин мактаб аввал бӯи газро эҳсос карда ва сипас аз ҳол рафтаанд. Фиребо, толибаи синфи 10-уми литсеи Бибимарям ба хабарнигори Озодӣ гуфт: “Мисли як бӯи газ омад, ман биниамро доштаму берун шудам, дигар нафаҳмидам, баъд сарам давр хӯрд даступоямро ларза гирифт ва ғалтидам. “

Масъулони раёсати сиҳати оммаи вилояти Тахор мегӯянд, ҳоло маълум нест, ки оё касе қасдан духтарони литсейро масмум кардааст, вале таҳқиқ дар замина шурӯъ шудааст. Чаҳор рӯз пештар аз ин, тақрибан 20 шогирди мадрасаи духтаронаи Бибиҳоҷира дар шаҳри Толиқон низ бо аломатҳои шабеҳи масмумӣ ба шифохона интиқол ёфтанд ва баъди муолиҷа ҷавоб шуданд.

Тахор яке аз вилоятҳои Афғонистон аст, ки соли гузашта мактабҳои духтаронаи он дар маркази вилоят ва ноҳияҳои Рустоқ ва Хоҷағор, шоҳиди чунин ҳамлаҳо шуда буданд.

Мақомоти амниятии Афғонистон баъди ингуна ҳамлаҳо як гурӯҳи 20 нафариро боздошт карда ва гуфта буданд, ки чунин ҳамлаҳо кори дасти Толибон будааст.

Мақомоти амниятии Афғонистон то кунун ҳодисаҳои шабеҳи ахир дар ду мактаби Толиқонро шарҳ надодаанд, аммо дар аҳди Толибон дар Афғонистон духтарони афғон ҳаққи таҳсил ва корро надоштанд.
XS
SM
MD
LG