Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дави марафонии Лондон шурӯъ шуд


Бо назардошти бомбгузории хунин дар дави марафонии шаҳри Бостони Амрико, мусобиқаи шабеҳ дар Лондонро таҳти тадобири шадиди амниятӣ сурат мегирад. Аз ҷумла барои таъмини амнияти 36 ҳазор ширкаткунанда ва даҳҳо ҳазор тамошогарон теъдоди бештари маъмурони пулис дар маҳалли мусобиқа фиристода ва чораҳои изофии дигар андешидаанд. Аз ширкаткунандагони дави марафонии Лондон хостаанд, ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни бомбгузорӣ дар марафони Бостон, навори сиёҳ ба либосашон бубанданд. Дави марафонӣ бо сукут ба хотири қурбониёни бомбгузорӣ шурӯъ шуд. Дар бомбгузории рӯзи 15 апрел дар дави марафонии шаҳри Бостон 3 нафар кушта ва 176 тани дигар захмӣ шуданд. Пулиси Иёлоти Муттаҳида рӯзи 19 апрел Ҷоҳар Тсарнаевро боздошт кард, ки бо бародараш дар анҷоми ин ҳамла муттаҳам мешавад. Бародари ӯ Темирлан Тсарнаев дар даргирӣ бо маъмурони пулис рӯзи панҷшанбе кушта шуд.
XS
SM
MD
LG