Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон гази моеъ ҷойи бензинро мегирад


Бино ба омори расмӣ, ба Тоҷикистон тайи се моҳи гузашта тақрибан 41 ҳазору 800 тонна гази моеъ ворид кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2012 як баробар бештар аст. Дар ин муддат Тоҷикистон умдатан аз Қазоқистон тақрибан 24 ҳазор тонна зиёдтар гази моеъ харидааст. Зоҳиран афзоиши қимати бензин дар кишвар, тақозо ба гази моеъро бештар кардааст. Дар Тоҷикистон ба далели гаронии бензин, бештар аз 40 дар сади нақлиёт аз гази моеъ истифода мекунад. Воридоти маводи сӯхти нафтӣ ба Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон бештар аз 18 дар сад камтар шудааст. Дар ин муддат ба Тоҷикистон тақрибан 31 ҳазор тонна маводи сӯхти нафтӣ ворид кардаанд.
XS
SM
MD
LG