Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳагел ба Ховари Миёна шурӯъ мешавад


Имрӯз боздиди якҳафтаинаи Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико аз Ховари Миёна шурӯъ мешавад. Ӯ, ки рӯзи шанбе озими Исроил шуд, бо раҳбарони ин кишвар барномаҳои атомии Эрон ва муноқиша дар Сурия баррасӣ мекунад. Чак Ҳагел ба Ӯрдун, Арабистони Саудӣ, Миср ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам хоҳад рафт, ки аз шарикони деринаи Амрико ҳастанд. Ин кишварҳо аз амиқрафти бӯҳрон дар Сурия ва барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон нигарон ҳастанд. Дар ин сафар Чак Ҳагел ҳамчунин қарордодҳои фурӯши силоҳ ба Исроил, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабиро бо арзиши 10 миллиард доллар ниҳоӣ хоҳад кард. Ин кишварҳо аз Амрико, аз ҷумла ҳавопаймову мушак мехаранд.
XS
SM
MD
LG