Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон 6 маъмури пулисро куштаанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯён бо ҳамла ба як посгоҳи маъмурони пулис, шаш нафари онҳоро куштаанд. Ҳодиса дар вилояти Ғазнӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва афсарони пулисро дар хобашон ба қатл расонидаанд. Як афсари дигар захмӣ ва яке дигар бедарак шудааст. Хабаргузории "Франс Пресс" мегӯяд, зоҳиран яке аз афсарони пулис ҷангҷӯёнро ба ин посгоҳ роҳ додааст. Афсарони кушташуда аз воҳиде будаанд, ки мардуми маҳаллиро барои кор дар воҳидҳои маҳаллии пулис ҷалб мекарданд. Дар моҳҳои гузашта, даҳҳо афсари афғон ва бештар аз 60 сарбози хориҷӣ дар ҳамлаҳои худи сарбозони афғон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG