Пайвандҳои дастрасӣ

Тадобири амниятии марафони Лондонро тақвият доданд


Бо назардошти бомбгузории хунин дар дави марафонии шаҳри Бостони Амрико, тадобири амниятии мусобиқаи шабеҳ дар Лондонро тақвият додаанд. Аз ҷумла барои таъмини амнияти 36 ҳазор ширкаткунанда ва даҳҳо ҳазор тамошогарон теъдоди бештари маъмурони пулис дар маҳалли мусобиқа фиристода ва чораҳои изофии дигар андешидаанд. Аз ширкаткунандагони дави марафонии Лондон хостаанд, ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни бомбгузорӣ дар марафони Бостон, навори сиёҳ ба либосашон бубанданд. Баргузоркунандагон ҳамчунин гуфтаанд, ки аз номи ҳар нафаре, ки ба марра расид, барои қурбониёни бомбгузорӣ 3 долларӣ хайр мекунанд. Дар бомбгузории рӯзи 15 апрел дар дави марафонии шаҳри Бостон 3 нафар кушта ва 176 тани дигар захмӣ шуданд. Пулиси Иёлоти Муттаҳида рӯзи 19 апрел Ҷоҳар Тсарнаевро боздошт кард, ки бо бародараш дар анҷоми ин ҳамла муттаҳам мешавад. Бародари ӯ Темирлан Тсарнаев дар даргирӣ бо маъмурони пулис рӯзи панҷшанбе кушта шуд.
XS
SM
MD
LG