Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтаринҳои Душанбе эълом шуданд


"Ҳаят Реҷенсӣ" беҳтарин меҳмонхонаи пойтахти Тоҷикистон эълон шуд.

"Ҳаят Реҷенсӣ" беҳтарин меҳмонхонаи пойтахти Тоҷикистон эълон шуд.

Рӯзи шанбе раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тайи як маросим бахшида ба Рӯзи пойтахт, ғолибони озмунҳои мухталиф дар шаҳрро эълом кард.

Аз ҷумла меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ" дар маркази Душанбе, беҳтарин меҳмонхона дар пойтахти Тоҷикистон эълон шуд.

Унвони боифтихори беҳтарин ресторани Душанбе насиби тарабхонаи “Қанд” шудааст. Шифохонаи кӯдаконаи рақами 2 шаҳр, дар озмуни шифохонаи соли 2012 дар Душанбе баранда шуд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар маросими мазкур дар толори бинои “Душанбе Плаза” ҳамчунин номи барандагони озмуни мактаби беҳтарини соли 2012, табиби беҳтарини соли 2012 ва волидайни беҳтарини соли 2012 эълон кард.

Доварони озмун Маҳмадалии Мақсадуллоро аз мактаби рақами 15 аз ноҳияи Шоҳмансур, беҳтарин волидайни соли 2012 дар пойтахти Тоҷикистон интихоб кардаанд, ки ҷоизаи он 5000 сомонӣ аст.

Соҳибкорони беҳтарини соли 2012 дар 18 арса низ эълон шуданд ва Рустам Ҷониев, хабарнигор ва мудири радиои “Имрӯз” ва ҷамъияти саҳҳомии “Ориён медиа” беҳтарин соҳибкор дар номинатсияи «фанновариҳои иттилоотӣ” эълон шудааст.

Шанбеи саввуми моҳи апрел ҳамасола дар Душанбе Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад. Ба ин муносибат рӯзи шанбе дар Душанбе чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ баргузор шуд.

Аз ҷумла дар доираи ин чорабиниҳо ниммарафони байналмилалӣ бо ширкати варзишгарон варзишгарони Афғонистон, Беларус, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Украина ва Эрон баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG